User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой,

Талаботи ассоси нисбати довталаб:

  • - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси соҳаи сайёҳӣ, идоракунии давлатӣ, таърих ва ҳуқук ва филологияи хориҷӣ (англисӣ);
  • - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • - донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 1502 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро

пешниҳод менамоянд:

  • - ариза ба номи раиси ноҳия;
  • - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • - тарҷумаи ҳол;
  • - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • - маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
  • - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • - нусхаи шиноснома;
  • - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • - маълумотнома оид ба доғи судӣ

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон  

Суроға: кўчаи М. Бобоков-7, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим.

Индекс 736500

Тел \ факс: (83553) 21 – 6– 24,  21 – 1 – 25, 93-541-41-70, 50-107-36-59.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.