- Сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
- Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, Ҳаёти нав ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
- Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, деҳоти Деҳмой ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
- Сармутахассиси (оид ба корҳои омор) Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари (коргузори) Ҷамоатҳои деҳоти Гулхона ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари (нозири андоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод ва деҳоти Сомониён ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
- Нозири мизӣ ҳарбии бақайдгирии Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Ғӯлакандоз ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);
- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (2 дона расми 4х6 ва 4 дона расми 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (бо замима);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои шахсоне, ки оиладор ҳастанд);
- маълумотнома дар бораи вазъӣ оилавӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи ба номи Ислом Нурматов №5
Телефон барои тамос: (83455) 2-30-02, нишонаи сомона www.jabborrasulov.tj, суроғаи электронӣ This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.