Дастгоҳи марказии Кумита:
1. Сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5296 сомонӣ.
2. Сармутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2641 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2154 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2154 сомонӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
6. Мутахассиси шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
7. Мутахассиси шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
8. Мутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
9. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт:
10. Сармутахассис - ҳуқуқшинос - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
11. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар ВМКБ:
12.Сармутахассис-ҳуқуқшинос - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон:
13.Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
15. Мутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Суғд:
16. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- 2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
- маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- маълумотнома (справка- объективка) хаттӣ ва электронӣ.
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038у);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон - 21
Телефон барои тамос: 2-23-16-51
Б Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Ммуҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


