Раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ:
- Сардори раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3143,30 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати содироти маҳсулоти санотӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1286,50 сомонӣ.
Бахши коргузорӣ ва назорат:
- Мудири бахши коргузорӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1735,85 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт:
5. Мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1422,95 сомонӣ.
Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
- Сармутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
Раёсати муносибатҳои беруна, маркетинг ва логистика:
7. Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои беруна, маркетинг ва логистика – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1286,500 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе:
8. Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд:
- Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон:
- Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Ҳисор:
- Мутахассиси бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Ҳисор – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 962,80 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турзунзода 23,
Телефон барои тамос: 487011616, суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., сомона: www.export.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.