Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳр
- Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1519 сомонӣ
- Мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1246,2 сомонӣ;
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 1028,1 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 841,8 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 841,8 сомонӣ.
- Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 841,8 сомонӣ.
- Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 - ҷой, маоши мансабӣ - 841,8 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири шуъба/категорияи сеюм
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш/категорияи чорум
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис/категорияи панҷум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар/категорияи шашум
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис/категорияи ҳафтум
- таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Ҳисор, кўчаи Исмоили Сомонӣ 10, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, телефон: (8-3139) 2-63-00, 25-3-61, 900-06-88-10, Email:This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.