User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
  2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
  3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ сурат гирифт.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат варзиданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.