Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.
Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.
Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон барои парвариши зардолу мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидааст, ки аз он 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳад.
Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ҳамкории пурсамар дорад. Дар натиҷаи робитаи судманд якчанд навъҳои зардолу ба кишвари мо ворид гардидааст.
Дар охири маросим ба хотири таҳкими ҳамкорӣ ба роҳбарияти Созмони озуқа ва кишоварзии СММ намунаҳо аз ниҳолҳои навъҳои гуногуни зардолу ва ангури тоҷикӣ тақдим карда шуд.
Тавре зикр гардид, ҳоло миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии назди СММ барои ворид намудани чанде аз минтақаҳо ва маҳсулоти кишоварзии кишвари мо ба “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст ва ояндаи наздик бояд самараҳои нахустини ин кори муштарак эълон гардад.
Сарчашма:president.tj