User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 31 октябри соли равон мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ барои кормандони Агентӣ ва муҳассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ бо иштироки омӯзгорони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти идоравӣ масъалаҳо вобаста ба иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  роҳу усулҳои пешгирии савдои одамон, ҳамчунин моҳият ва ҳадафҳои таъмини иҷрои талаботи қонунгузории мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Нуриддинзода С.Н.- муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ ва Бухориев Б.Р.-дотсенти кафедраи такмили ихтисоси Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Агентии хизмати давлатӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ 72 нафар сармутахассисони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 то 20 октябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.  

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония сафар намуд.

Дар ҷараёни сафари расмӣ дар баробари дигар мулоқотҳо ва чорабиниҳо баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ амал менамояд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Забон рукни муҳими давлатдорӣ ва бақои ҳар як миллат буда, мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҳифз ва гиромидошти  забони давлатӣ   муҳим дониста мешавад.

Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, инчунин бо мақсади ташаккули забондонӣ ва инкишофи малакаи суханварии хизматчиёни давлатӣ санаи 2-юми октябри соли 2018 машғулияти идоравиро таҳти унвони «Фарҳанги суханварӣ дар хизмати давлатӣ» бо иштироки мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд. Ҳамзамон  5-уми октябри соли равон бахшида ба ин санаи фархунда дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-   9 сентябр Агентии хизмати давлатӣ санаи 31 августи соли 2018 машғулияти идоравиро дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва шунавандагони магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатӣ доир намуд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Бибиосия Аюбӣ зимни ифтитоҳи машғулият қайд намуд, ки хизмати давлатии муосири Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дастоварди асосии мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

12 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, инчунин лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. маърӯза кард.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 ба Агентии хизмати давлатӣ 2629 (соли 2017-2964) мавод ва 84 (соли 2017-71) муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва 1089 (2017-971) мавод содир шудааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2018 ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ машғулияти идоравӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардида, дар он мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими рушди Тоҷикистон» ва «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Ваҳдату якдилӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.    

Дар машғулияти идоравӣ Толибов Р.Ғ.-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими рушди Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки барои ҳар кадом тоҷику тоҷикистонӣ Ваҳдати миллӣ баробари Истиқлолияти давлатӣ муқаддас дониста мешавад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нишонаи хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик буда, ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшидааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Барои хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ санаи 22 июни соли равон машғулияти идоравии навбатӣ ташкил  карда шуд.  

Машғулияти идоравиро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О. ифтитоҳ бахшида, сипас сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастггоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Содиқов А.М. оид ба «Шарҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон», сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ Шарипова М.Ғ дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.