User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Лоиҳаи фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳрак/деҳот» мувофиқи қисми 4 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2023, №34542 (34) ва дархости Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2023, №1220/1-01(6) барои такмили дастурамали мансабии сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳрак/деҳот дар таҳрири нав таҳия карда шудааст.

Мувофиқи таҳрири нави лоиҳаи Дастурамали намунавии мансабии сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳрак/деҳот, ки бо фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ аз 28 сентябри соли 2019, №199 тасдиқ карда шудааст, бо мақсади мусоидат дар таъмини интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, пурра намудани ҷойҳои холӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сифати иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ дар назар аст.

Дар таҳрири нави Дастурамали намунавии мазкур талаботи тахассусӣ оид ба ихтисос васеъ карда шуда, номгӯйи уҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқҳо ва масъулияти ишғолкунандаи мансаби мазкур мушаххас гардонида шудаанд. 

Лоиҳаи мазкур аз 20 декабри соли 2023, №04-2328 ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ирсол карда шудааст.

Ҳамзамон лоиҳаи мазкур мувофиқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои баррасии мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ дар қисми «Китобхона»-и Агентии хизмати давлатӣ дар саҳифаи «Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда шудааст.

Хоҳишмандон метавононд таклифу пешниҳодҳои худро дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё дар шакли хаттӣ ба Агентии хизмати давлатӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33 пешниҳод намоянд.

        

Агентии хизмати давлатии назди

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон