1.Мудири шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ -1593,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 759 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ ва ободонӣ - 1 ҷой, маоши мансаби - 1131,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замин -1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Хиёбони Исмоили Сомонӣ 62, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо телефон: 250 30 30, 250 30 25
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.