Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
- Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1450 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
- Сармутахассиси муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Обшорон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Палдорак-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати шаҳраки Бустон -1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Бустон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Обшорон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Суғдиён-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.
- Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Палдорак-1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо ду дона акси андозаи (4Х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 5 сол собиқаи хизматидавлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Маҳалли ҷойгиршавӣ: ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон, кўчаи С.Шарифов №23, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон: 2-21-61
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.