User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Барои давраи навбатии таҳсили солҳои 2022-2024 барои магистратура, солҳои 2022-2025 барои докторантура лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Лоиҳа оид ба бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» бо мақомоти давлатии дахлдор мувофиқа ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №250 маъқул дониста шуда, Ёддоштҳои табодулии мазкур аз 2 сентябри соли 2021 аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин Ёддоштҳои табодулии мазкур бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2021, №553 тасдиқ (ратификатсия) карда шуд.  

Ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Пешниҳоди стипендияҳо барои тайёр кардани кадрҳо»аз ҷониби Вазорати молия баррасӣ, бо мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқа карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021, №435 маъқул дониста шуда, Созишномаи грантии мазкур санаи 5 ноябри соли 2021 аз ҷониби Вазири молия ба имзо расонида шуд.

Дар асоси ҳамин санадҳо лоиҳаи Қарордоди байниАгентии хизматидавлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваМаркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо(Лоиҳаи JDS) аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония таҳия ва барои баррасӣ ба Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор аз 19 ноябри соли 2021 ба имзо расонида шуд.

Бо мақсади татбиқи самарабахши Лоиҳаи JDS дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Япония Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ (3 нафар аз ҷониби Тоҷикистон), инчунин ду нафар намояндагони ҷониби Япония (Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICА) дар Тоҷикистон) шомил гардидаанд.

Комиссияи зикргардида фаъолиятро дар самти ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония равона намуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима (аз соли 2009), Донишгоҳи Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита (аз соли 2020) ба таҳсил фиристода мешаванд.

Интихоби номзадҳо барои таҳсил дар магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония бо иштироки Комиссияи мазкур ва профессорони донишгоҳҳои Япония баргузор мегардад.

Бо дарназардошти ин, марҳилаи нави ҳамкориҳо ва интихоби довталабон ба донишгоҳҳои Япония барои соли таҳсили 2022-2024 оғоз гардид.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) чорабиниҳои таблиғотии Комиссияи идоракунииЛоиҳаи JDS доир ба ҷалби хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар курсҳои докторӣ ва магистрии донишгоҳҳои Японияро санаи 26 ноябри соли 2021 оғоз намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабиниҳои таблиғотӣ, ки барои намояндагони хадамоти кадрӣ ва хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидаанд, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Такасака Мунео, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлоли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи инсониро омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт эътироф намудааст, зеро аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагӣ дорад.

Номбурда таъкид дошт, ки сол аз сол робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS тавсеа ёфта, барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ дар кишвари мо мусоидат менамояд.

Дар давоми солҳои 2009-2020 75 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, аз онҳо 60 (зан-7) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, аз ҳисоби хатмкардагон 33 (зан-2) нафар ё 55,0 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, барои солҳои таҳсили 2021-2023 боз 15 нафар хизматчии давлатӣ дар соли 2021 барои таҳсил ба магистратураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

Таҳсили 30 нафар (27 нафар дар магистратура ва 3 нафар дар докторантура) идома дорад.

Маҳз бо назардошти татбиқи муваффақонаи Лоиҳаи JDS масъалаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар самти омода намудани кадрҳо зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония моҳи октябри соли 2018 мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб қарор гирифт ва ҳамкориҳо дар ин самт вусъат ёфт.

Мувофиқи санадҳои тасдиқгардида барои солҳои таҳсили 2021-2023 16 бурсия (15 ҷой барои магистратураи дусола ва 1 ҷой барои докторантураи сесола, таҳсил бо забони англисӣ) пешбинӣ гардидааст. Тибқи тартиби нав хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомоти давлатӣ ва кормандони баъзе ташкилотҳои давлатӣ дар озмунҳо барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония,  Донишгоҳи  Хиросима,  Донишгоҳи Ритсумейкан  ва Донишгоҳи Акита иштирок карда метавонанд.

Ҳамзамон баргузории чунин мулоқотҳои таблиғотӣ 1-2 декабри соли ҷорӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, 4 декабри соли ҷорӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ва 7 декабр ба тариқи фосилавӣ барои хизматчиёни давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он пешбинӣ карда шудааст.