User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2021 маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид намуд, ки  фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини  ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвар,  нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ба риштаи таҳлил кашид.

Дар идома директори Агентии хизмати давлатї нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ба риштаи таҳлил кашид.  

Таъкид шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Сарвари худро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ, барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» сазовор донист.

Дар ҷаласа, инчунин, сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ» ва ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Абдуалимзода Исмоил Иброҳим дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-эҳёбахши миллат» маърӯзаҳои пурмуҳтаворо пешниҳоди ҳозирин гардонданд.