User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда, фонди китобхонавии он китобҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаи хизмати давлатӣ, адабиёти илмӣ ва бадеиро дар бар мегирад.

Илова бар ин китобҳои дар охири соли 2020 ба Агентии хизмати давлатӣ туҳфанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-«Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон-Пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун», «Тоҷикистон-25 сол» ба фонди китобхона супорида шуда, барои мутолиаи кормандон ва хоҳишмандон дастрас мебошанд.     

Ҳамзамон дар ин давра нависандаи халқии Тоҷикистон Абулҳамид Самад, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода А.Ғ. ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода А.Қ., инчунин кормандони Агентии хизмати давлатӣ як теъдод китобҳои пурарзиши илмӣ ва бадеиро ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ тақдим намуданд.

Ба ғайр аз ин барои китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳои «Авесто», «Мероси хаттии бостон» ҷилҳои 1 ва 2, «Шоҳнома»-и Саолибӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Бохтар» ҷилдҳои 1 ва 2, «Мероси хаттии бостон» ҷилди 2, «Аҷоибнома», «Динкард», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Забони давлатӣ ва истиқлол» ва ғайраҳо харидорӣ гардиданд.

Кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва дигар хоҳишмандон метавонанд аз ин махзани китобҳо истифода намоянд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон