Кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2015 Наврӯзро бо рӯҳияи баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ ҷашн  гирифтанд.

Аз ҷониби магистрантҳо ва донишҷӯёни Донишкада намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои наврӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, сипас барномаи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардид.    
Ҳамзамон байни кормандони Донишкада ва Агентӣ озмуни зарифон гузаронида шуд, ки хеле хотирмон ва ҷолиб буд.
Ҳамчунин дар ин рӯз миёни кормандони Агентӣ ва Донишкада мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла шашкабозӣ ва дастхобонӣ баргузор шуда, дар ҷамъбаст ба ғолибон    тӯҳфаҳои  хотиравии  Агентӣ тақдим гардид.