User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Бо арҷгузорӣ ба бузургиву шаҳомат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар, бо сипос ба шири поку домани биҳиштии ў, бо ихлос ба мактаби модар, ки волотарин мактаби башарият аст, Рўзи Модарро ба Шумо бонувони соҳаи хизмати давлатӣ таҳният мегӯям.

        Боиси сарфарозии мост, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарӯза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.

Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба бонувон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷињати тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъин ба мансабҳои роҳбарикунанда мунтазам таъкид намуда, масъалаи мазкурро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.

Ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тољикистон аз 21 декабри соли 2021 қайд гардид, ки занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ, илму маориф, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона хизмат мекунанд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд аз љониби Пешвои миллат оид ба тањияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» ва дар муњлати се моњ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани он дастур дода шуд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳар семоҳа ҳисоботи омори соҳаи хизмати давлатиро дархост, таҷлил ва ҷамъбаст намуда, дар доираи он мониторинги арзёбии татбиқи сиёсати гендериро дар соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ гузаронида, натиҷаҳои дахлдори он мавриди чораҷӯӣ қарор дода мешавад.

Мувофиқи таҳлили охирини соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз 18701 нафар  хизматчиёни давлатие, ки амалан фаъолият доранд, 4518 нафар ё 24,1 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Теъдоди занон дар мансабҳои сиёсӣ-11 (соли 2021-11) нафар, мансабҳои категорияи олӣ-89 (соли 2021-93) нафар, мансабҳои категорияи якум-73  (соли 2021-73) нафар, мансабҳои категорияи дуюм-108 (соли 2021- 107) нафар, мансабҳои категорияи сеюм-584 (соли 2021-572) нафар, мансабҳои категорияи чорум-370 (соли 2021-368) нафар, мансабҳои категорияи панҷум-1160 (соли 2021-1145) нафар, мансабҳои категорияи шашум-1221 (соли 2021-1208) нафар, мансабҳои категорияи ҳафтум-902 (соли 2021-908) нафарро ташкил медиҳад.

Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5764 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1113 нафар (19,3 фоиз) занон  мебошанд.

Дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 12060 нафар, аз ҷумла, 2942 нафар (24,4 фоиз) занон фаъолият дошта, аз 3193 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 549 нафар (17,9 фоиз) занони роҳбар мебошанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 3560 нафар, аз ҷумла, 989 нафар (27,7 фоиз) занон буда, ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1447  нафар, аз љумла, 317 нафар (21,9 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд.

Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  3081  нафар, аз ҷумла, 587  нафар (19,0 фоиз)-ро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1124 нафар аз ҷумла, 247 нафар (21,9 фоиз) занон фаъолият доранд. 

Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ чораандешӣ хоҳад кард.

        Хизмати давлатӣ кори пурмасъулияту пуршараф буда, воқеан ҳам хизмат ба модар ва ба Ватан аст. Умедворем, ки сафҳои хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманди кишвар дар минбаъда боз ҳам афзоиш меёбад.   

         Дар ин роҳи пурифтихор-хидмат ба Тоҷикистони азиз ва ҳиссагузорӣ дар таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ба Шумо бонувони хизмати давлатӣ комёбию барор таманно дорам.

        Фархунда бод муқаддастарин рӯзи аҳли башар, ҷашни меҳрубонию иноят, меҳру садоқат ва ишқу зебоӣ, рӯзи олиҳаҳои шахсиятофар - Рӯзи Модар!