ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
1.Сармутахассиси Раёсат дар самти бозори меҳнати Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии омўзгорӣ, иқтисодӣ ва ҳўқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳлии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1186 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассиси шуъба дар самти муҳосибӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ҷайҳун – 1 ҷой,
- таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ;
Маоши мансабӣ 1076 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Сармутахассиси шуъба дар самти бозори меҳнат Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой,
4.Сармутахассиси шуъба дар самти муҳосибӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Шаҳритуз – 1 ҷой,
5.Сармутахассиси шуъба дар самти муҳосибӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар – 1 ҷой,
6.Сармутахассиси шуъба дар самти муҳосибӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 1 ҷой,
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии То
ҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
7.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти бозори меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ёвон – 1 ҷой,
- таҳсилоти олӣ, омўзгорӣ, иқтисодӣ ва ҳўқуқшиносӣ;
Маоши мансабӣ 883 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
8.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ – 1 ҷой,
- таҳсилоти олӣ, иқтисодӣ, омўзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ;
Маоши мансабӣ 725 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
9.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар – 1 ҷой,
Маоши мансабӣ 925 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
10.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти муҳосибӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Левакант – 1 ҷой,
11.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти бозори меҳнат Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кўшониён – 1 ҷой,
- таҳсилоти олии иқтисодӣ , омўзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ;
12.Мутахассиси шуъба дар самти бозори меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Данғара – 1 ҷой,
- таҳсилоти олӣ, омўзгорӣ, иқтисодӣ ҳўқуқшиносӣ;
13.Мутахассиси пешбари шуъба дар самти муносибатҳои меҳнатӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ – 1 ҷой,
14.Мутахассиси шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Темурмалик – 1 ҷой,
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, омўзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ;
15.Мутахассиси шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар – 1 ҷой,
Маоши мансабӣ 759 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
16.Мутахассиси шуъба дар самти бозори меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фархор – 1 ҷой,
17.Мутахассиси шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун – 1 ҷой,
18.Мутахассиси шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Вахш – 1 ҷой,
Маоши мансабӣ 725 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
19.Мутахассиси шуъба дар самти меҳнат Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Қубодиён– 1 ҷой,
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Нусхаи шиноснома;
- Маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- Нусхаи гувоҳнома РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- Маълумотнома аз ҷои зист;
- Маълумотнома оид ба вазъи саломатии 038 УЕ;
- Нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- Нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
Сўроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Бохтар, кўчаи ба номи Ф.Саидов, бинои № 3
Телефонҳо барои тамос (83222) 2-76-20.
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх