User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби бештари духтарону занон ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси дуалии омӯзишии «Зан-сарвар» аз натиҷаи ҳамкории Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон санаи 21 июни соли 2021 оғоз гардид.

Ба курси мазкур 25 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувони фаъолу лаёқатманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунандаи соҳаи хизмати давлатӣ ҷалб карда шуданд.

Курси омӯзишии дуалии мазкур се давраро дар бар гирифта, баъди анҷоми он ба шунавандагон аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар» шаҳодатнома супорида мешавад, ки он барои болоравии мансабии онҳо нақши муҳим мебозад.

Дар ифтитоҳи курс муовини директори Агентии хизмати давлатӣ- Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ - Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини раиси вилояти Суғд - Анвар Яъқубӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати духтарону занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.

Қайд гардид, ки ҳолати 1 апрели соли 2021 теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 4491 нафар ё 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Ба ҳайти кадрҳои роҳбарикунанда 1108 нафар ё 18,4 фоиз занон шомил мебошанд.

Курси мазкур барои боз ҳам фаъол гардонидани саҳми занон дар идоракунии давлатӣ нигаронида шудааст.