User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фавти бармаҳали сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд Мансурзода Абдулло Манон сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Мансурзода Абдулло Манон фаъолияти кории худро дар Агентии хизмати давлатӣ аз соли 2007 дар мансаби сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд оѓоз намуда, сипас аз соли 2018 то санаи вафот дар мансаби сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд фаъолият кардааст. Номбурда дар тарбияи кадрҳои ҷавони соњаи хизмати давлатӣ сањми арзанда дорад.

Хизматҳои Абдулло Манон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, Мансурзода А.М. барои фаъолияти самарабахши меҳнатӣ соли 2011 бо Ифтихорномаи Агентии хизмати давлатӣ ва соли 2019 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.