User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 1 марти соли 2022 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо  (Лоиҳаи JDS) вобаста ба интихоби номзадҳо

барои таҳсил дар докторантураҳои донишгоҳҳои Япония барои солҳои 2022-2024 тариқи мусоҳиба баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хесигава, муовини роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Кукичи Такеши, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Миякава Такаши (фосилавӣ), мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо  Олимшо Меҳрӣ, сардори раёсати кадҳои  Вазорати корҳои хориҷӣ Ибодзода Анвар иштирок намуданд.  

         Ҷаласаро директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисон дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол тавсеа ёфта, дар доираи Лоиҳаи мазкур  то имрӯз 90 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

         Аз ин теъдод 60 (зан-7) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 33 (зан-2) нафар ё 55,0 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз  1 то 6 категория боло фаъолият доранд. Айни замон таҳсили 30 нафар (27 нафар дар магистратура ва 3 нафар дар докторантура) идома дорад.

         Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ барои татбиқи самарабахши Лоиҳаи JDS, тарғиби ҳадафњои он миёни хизматчиёни давлатӣ, ҷалби кадрҳои болаёқат барои таҳсил дар доираи Лоиҳаи мазкур тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мегарданд.

Бо мақсади танзими ҳуқуқӣ ва интихоби муташаккилонаи довталабон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо оид ба интихоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсил дар Япония (солҳои 2022-2023 барои магистратура, солҳои 2022-2024 барои докторантура) Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Лоиҳа оид ба бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Пешниҳоди стипендияҳо барои тайёр кардани кадрҳо», инчунин Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS)  ба имзо расонида шуданд.

Дар асоси санадҳои болозикр  моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 чорабиниҳои таблиғотии Лоиҳаи JDS  гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 448 (зан-128) нафар  намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар робита ба ин, 67 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои Япония пешниҳод намуда, санаи 30 январи соли 2022 имтиҳони якум (TOEFL) бо иштироки 62 нафар  баргузор карда шуд.

Чорабиниҳои минбаъда оид ба интихоби довталабон барои таҳсил дар магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония, ҷамъ 16 нафар, тибқи ҷадвали тастиқшуда идома дода мешавад.  

Директори Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS низ чун ҳамешагӣ барои амалисозии  ҳадафҳои Лоиҳа тибқи нақшаи тасдиқгардида фаъол хоҳад буд.

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон