ҲАМАИ ХАБАРҲО
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад.
19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 4 январи соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 ва вазифањо барои нимсолаи якуми соли 2022, Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022 ва натиҷаҳои санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар соли 2021 мавриди баррасї ќарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣДавлатовҶ.М. ифтитоҳ намуда, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Бибиосия оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021гузориш дод.
Қайд карда шуд, ки дар cоли 2021 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 5437 мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 598, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 4198 мавод ва 641 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шудааст.
Дар соли 2021 аз дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 3002 мавод содир шудааст.
Дар ин давра ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 2145 мавод ворид, аз онҳо 1103 мавод содир гардидааст.
Дар соли 2021 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 641 ва ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 176 муроҷиати хаттӣ ворид шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ зимни қабули роҳбарият 54 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ 183 муроҷиат, ҷамъ 237 муроҷиат бақайд гирифта шуда, мушкилоти ҳангоми қабул баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва ҷаласаҳои машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ 286 масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки мувофиқи таҳлили охирини омори соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21678 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18701 нафармебошад. Аз ин теъдод дар мақомоти марказӣ12060 нафар (занон 2942 нафар ё 24,4 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3560 нафар (занон 989 нафар ё 27,7 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3081 нафар (занон 587 нафар ё 19,0 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4518 нафар ё 24,1 фоизро ташкил дода, аз 5764 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1113 нафар ё 19,3 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба њамин давраи соли 2020 33 нафар ва теъдоди занони роҳбар 15 нафар афзоиш ёфтааст.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 9128 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1609 нафар (27,9 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 168 нафар зиёд шудааст.
Зимни гузориш натиљаҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, фарогирӣ ба аттестатсия, ротатсия, захираи кадрҳо, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ таҳлил карда шуд.
Қайд гардид, ки дар соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 39 курси таълимӣ, аз ҷумла 4 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 33 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур, шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Бохтар, Турсунзода, Ховалинг ва Дарвоз доир карда шуда, ба онњо 1972, аз он зан 574 нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Аз ин теъдод 33 курс дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳоиазнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ барои соли 2021 ва 6 курси ѓайринақшавї дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳо баргузор карда шуд.
Аз ҷониби муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Гурез Ҷӯрахон қайд гардид, ки дар соли 2021 рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣдар дастгоҳҳои марказии Вазорати нақлиёт, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист ва баъзе сохторҳои маҳаллии онҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Восеъ, Дӯстӣ, Ёвон, Мӯъминобод, Ҷайњун, Ховалинг, Ванҷ, Дарвоз, Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Файзобод ва Шаҳринав мавриди санҷиш ќарор дода шуд.
Зимни санҷишҳо ба мақомоти давлатӣ кумаки методӣ расонида шуда, аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар соли 2021 санадҳои санҷишӣ ба мақомоти давлатӣ ирсол гардида, барои ислоҳи камбудиҳо тадбирҳо андешида шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаиНақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 баррасӣ гардида, барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ суханронӣ намуд.
Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх