User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 15 январи соли 2022 маросими супоридани дипломҳои хатм ба шунавандагони магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Олимшо Меҳрӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатӣ Сафарзода Даврон Ҷӯрахон ва

тариқи фосилавӣ Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ Макс Георг Майер, инчунин омӯзгорону магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел давоми солњои 2010-2021 магистратураи яксолаи хизматчиёни давлатиро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» 820 (зан-230) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намуданд.

Аз он хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ 419 (зан-110) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 401 (зан-120) нафарро ташкил дода, 54 (зан-16) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон