User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1.    Сардори Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқа дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ2746 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.   Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Маоши мансабӣ1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.          Сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ,  робитаҳои байналмилалӣ (ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рузноманигори байналмилалӣ,  шарқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Маоши мансабӣ1380 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.           Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ– 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии омузгорӣ, филологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ1124 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.   Котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ аз ҷумла, рўзноманигорӣ,  рузноманигори байналмилалӣ, филологӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ);

- собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  № 038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оиди доғи судӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 марти соли 2021қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ 5/2,

 

               индекс: 7340262, (992 37) 236-25-75.