User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси бахши кадрҳо ва таъминотиҳуқуқии Кумита – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тољикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориљӣ ба инобат гирифта мешавад.

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи љадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси Бахши муносибатҳои байналмилалииКумита – 1ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тољикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориљӣ ҳатмист.

- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи љадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуљљатҳои

зерин талаб карда мешаванд:

-ариза ба унвони Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарљумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ шакли № 038УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома аз љои истиқомат;

-маълумотнома оиди доѓи судӣ;

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуљљатҳо аз љониби Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон дар муҳлати 21-рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣқабул карда мешаванд.

Суроѓа: шаҳри Душанбе, кўчаи С. Айнӣ 48, индекс: 734024,

 

Тел: (+992 372) 27-85-79

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.