User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Муовини сардори раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2256 сомонӣ.

       Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабхои категорияи дуюм ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

       - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

  1. Сармутахассисираёсати сармоягузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ          – 1380 сомонӣ.
  2. Сармутахассисираёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣва ҳисоботи муҳосибавӣ          – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.

       Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

       - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

  1. Мутахассиси пешбари раёсати электроэнергетика – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари раёсатиҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1124 сомонӣ.

        Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

  - таҳсилоти олии касбӣ,ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.                                        

        - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

  1. Мутахассиси раёсатисармоягузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ               – 924 сомонӣ.
  2. Мутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой, маоши мансабӣ  – 924 сомонӣ.

         Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

        - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд;

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);

      - тарҷумаи ҳол;

      - нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

      - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

      - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038УЕ);

      - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

      - нусхаи шиноснома;

      - нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

      - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

      - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

      - маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

      - маълумотнома аз ҷои истиқомат.

      Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ва электронӣқабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, тел.235-97-68, mewr.tj , e-mail: kadr vazorat @ mail.ru

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.