User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
    1. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2719, 25 сомонӣ.
    2. Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1825,25 сомонӣ.
    3. Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1479,45 сомонӣ.
    4. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
    5. Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
    6. Мутахассиси пешбари бахши комуналӣ ва тақсимоти манзили дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
    7. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
    8. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.

     

    Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:

    -ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

    -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

    -тарҷумаи ҳол;

    -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

    -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи 

     меҳнатӣ надорад);

    -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

    -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

    -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;

    -нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

    -маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

    -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо   

     намудаанд).

    Талаботи тахассусӣ

     Барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:

    -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    -5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ

    -мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

    -малакаи кор бо компютер.

     

    Талаботи тахассусӣ

     Барои ишғолкунандагони мансаби мудири шуъба:

               -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

              -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ 

                мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

              -малакаи кор бо компютер.

     

    Талаботи тахассусӣ

     Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:

               -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    -3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

              -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ 

                мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

              -малакаи кор бо компютер.

     

    Талаботи тахассусӣ

    Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

            - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

           - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

           - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

           -  малакаи кор бо компютер.

     

    Талаботи тахассусӣ

    Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

    - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    -  малакаи кор бо компютер.

    Талаботи тахассусӣ

             Барои ишғоли мансаби мутахассис:

    - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    -  малакаи кор бо компютер.

    Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

    Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми то 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

    Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.

     

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.