03:14, 15 Августи 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Дастгоҳи раиси ноҳия

1.      Мутахассиси  пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо  кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия  - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 768,0 сомонӣ.

2.      Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия  - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 630,0  сомонӣ.

Бахшҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

3. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ  - 768,0  сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

4. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,0 сомонӣ.

5.Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об -  1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0 сомонӣ.

6.Мутахассиси пешбар (оид ба андоз)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0  сомонӣ.

7.Мутахассиси пешбар (омор)Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0  сомонӣ.

8.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0  сомонӣ.

9.Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Нўшор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,0 сомонӣ.

10.Мутахассиси пешбар  (оид ба САҲШ)-и Ҷамоати деҳоти Нўшор – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0  сомонӣ.

11.Мутахассис (оид ба андоз) – и Ҷамоати деҳоти Нўшор   – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 600,0  сомонӣ.

12.Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,0 сомонӣ.

13.Сармутахассис (оид ба корҳои дин) -и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,0  сомонӣ.

14.Мутахассиси пешбар (мизи ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 732,0  сомонӣ.

15.Сармутахассис (муҳосиби) -и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,0  сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-          Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ.

-          Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6).

-          Тарҷумаи ҳол.

-          Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.

-          Нусхаи  дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки собиқаи меҳнатӣ надорад).

-          Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 086 УЕ.

-          Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.

-          Маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия).

-          Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-          Нусхаи  шиноснома.

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби сармутахассис.

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Қабули ҳуҷҷатҳо то то 12.08.2020

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба   
     андозаи му
қарраргардида пардохт карда мешавад.

                                                                                                  

                         Суроѓа: шаҳраки Тоҷикобод,  кўчаи  Исмоили  Сомонӣ – 13,
                           шуъбаи ташкил
ӣ ва кор бо кадрҳои дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод

                         8(3154) 2-14-10                          8(3154)2-14-10  

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон