03:11, 15 Августи 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва саводои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

2. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

3. Сурмутахассис (сарзоотехник)-и раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

4. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

5. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Пўлотон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

6. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

7. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

8. Сармутахассис – оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1032 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи шаҳр – 1 ҷойи холӣ маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов – 1 ҷойи холӣ маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Патар – 1 ҷойи холӣ маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов  – 1 ҷойи холӣ маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов – 1 ҷойи холӣ маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.

14. Мутахассиси раёсати маорифи шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 660 сомонӣ.

15. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 660 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи  меҳнатӣ 

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

Суроғаиқабулиҳуҷҷатҳо:

шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73, индекс:735900, телефон (83467)    3-41-20, нишонии электронӣ www.konibodom.tj, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар муҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28 29 30 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон