User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Конститутсия - ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат – моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем

ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.  

                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 Конститутсия ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ буда, санади таърихиву муқаддаси ҳар як давлату миллат, ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи дурнамои давлат ва таҷасумкунандаи ормонҳои миллӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохила аз хориҷи кишвар, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд.

Яъне дар кишвар ба ҷои қонун беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.

Дар як муддати начандон тӯлонӣ аз муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, вакилони халқ ва зиёиёни маъруф сар карда, даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расиданд.

Тамоми шохаҳои ҳокимият - аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд.

Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро мамлакат дар чунин вазъи мураккаби сиёсиву ҷамъиятӣ амалан бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Дар як сол ду Президент ва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо рафтанд, ки ин нишонаи олии беназмӣ буд.

Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ коре басо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор мегардид, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро ба зимма гирифтан намехостанд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ аз  номи мардум интихоби саҳеҳ, интихоби мувофиқ ба армонҳои ҷомеаи тоҷикон буд.

Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ падид омад, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқеъу мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардида буд, ба миён овард. Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз ёфт. Сипас, дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссияи оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шўрои Олии ҶТ тасдиқ гардида, вазифаи таърихии эљоди Конститутсия ба дўши Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва ў ин вазифаи муњимро бо дарки масъулияти бузург дар пеши наслњои имрўз ва ояндаи Ватан ба иҷро расонид. Дар ҳамин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор дошт: «Муҳимитарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни Асосиамон аз кӯмаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем». Дар ниҳоди ислоҳоти конститутсионии Эмомалӣ Раҳмон ду тақозои муҳими сиёсӣ - ҳамоҳангӣ бо низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории байналмилалӣ ва андешаву тафаккур миллӣ, ки аз аъмоқи таърихи тоҷикон сарчашма мегирад, чун дидгоҳҳои усулї тасаллут пайдо карда буд. Бо дарназардошти муҳиммияти таҳияи Конститутсияи нав, Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо назардошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва анъанаҳои миллӣ ду лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуд, ки яке хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ ва дигаре парлумониро ифода менамуд. Дар асоси масъулияти баланди таърихӣ, таҳлили воқеии воқеияти ҷорӣ, набудани омилҳои асосии идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ, аз ҷумла набудани ҳизбҳо ва созмонҳои таҷрибадор ва ба инҳо монанд, Комиссияи конститутсионӣ ба хулосаи ягона омад, ки тибқи он ба муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентї пешниҳод карда шавад, ки он шакли идоракунии президентиро пешбинӣ менамуд. Марњилаи нави ќабули лоиҳаи Конститутсияи нави мамлакат бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 20 июли соли 1994 аз ҷониби Иҷлосияи ХIХ Шӯрои Олии ҶТ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи нав беш аз 1,2 миллион шаҳрвандони кишвари мо ширкат варзиданд. Дар рафти муҳокима аз ҳамватанони хориҷа 8,5 ҳазор пешниҳодот ворид гардид. Моҳи ноябри соли 1994, лоиҳаи Конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод гардид, ки дар 64 ҳавза 2685724 шаҳрванд ба қайд гирифта шуд, 2535437 ё 94.4 фоизи шумораи умумии интихобкунандагон ширкат варзиданд. Дар натиҷа, 2352554 87,5 фоизи овоздиҳандагон барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи  Конститутсия ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқуъ пайваст,  ҳуҷҷати қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд.

Бо қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи худро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян намуда, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он меҳвари сиёсати давлатии мамлакатро ташкил медиҳад.

Хусусияти хоси Конститутсияи соли 1994 аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он аст.  Дар ин маврид Пешвоии муаззами миллат чунин зикр намудааст: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».

                                                                                            Шерзод М., мутахассиси бахши минтақавии

                                                                                            Агентии хизмати давлатии назди  Президенти

                                                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон