User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони гиромӣ!

Бо камоли эҳтирому шодмонӣ якояки Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда- Рӯзи забони давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Дар даврони истиқлол мо шоҳиди дастовардҳои бузург аз асари сиёсати Асосгузори сулҳу Вањдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон гардидаем. Боиси ифтихори мост, ки пешоҳанги ҳама ташаббусҳои неку наҷиб дар роҳи арҷгузорӣ ба забони миллӣ Сарвари давлати мо мебошад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ озодона мавриди истифода қарор дорад ва ин забон имрӯз ба забони сиёсат, маориф, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони истиқлол марҳилаи нави рушди забони давлатӣ оғоз гардида, дар ин самт Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдомҳои шоистаро амалӣ намуданд, ки таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008-ро эълом доштани Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Барномаҳои рушди забони давлатӣ аз ҷумлаи онҳост.

Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад».

 Дар робита ба ин гуфтағои арзишманд таъкид бояд кард, ки яке аз принсипғои асосии хизмати давлатӣ ин садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон буда, имрӯз хизматчиёни давлатии мо низ дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ бетараф нестанд. Гузашта аз ин,  моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» донистани забони давлатиро ҳамчун яке аз талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ кардааст ва зимни баргузории озмунҳо донистани забони давлатӣ, таърих ва муқаддасоти миллӣ талаб карда мешавад.

Ман имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ин давра дар Агентии хизмати давлатӣ низ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Аз ҷумла, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бо забони давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқт бо забони давлатӣ таҳия гардида, зимни таҳияи онҳо вобаста ба истифодаи дурусти истилоҳоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. 

Ҳамзамон бо мақсади таъмини дастрасии хизматчиёни давлатӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар китоби рӯимизии хизматчиёни давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки охири соли 2021 дар таҳрири шашум бо теъдоди 6000 нусха нашр гардид, ҷой дода шуда, тариқи ройгон ба мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ дастрас карда шуд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола номгўи мавзуъҳои мубрами омӯзиширо барои ворид намудан ба барномањои таълимӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз ҷумла мувофиқи дархостҳои Агентии хизмати давлатӣ дар курсҳои дахлдори азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими мавзуъҳои «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва роҳҳои амалисозии он (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647)», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 июни соли 2021, №268)», «Забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ» мунтазам таъмин карда мешавад.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ, дар мулоқоту машваратҳо дар баробари гиромидошти забони миллӣ ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Яъне дар баробари пайгирӣ аз сиёсати ягона дар бораи забони давлатӣ дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русию англисӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Сиёсати донистани забонҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат аз тамоми ҷавонон ва кормандони идораи давлатӣ, яъне хизматчиёни давлатӣ тақозо карда мешавад, барои рушди ҳар шахс замина фароҳам меорад ва ҳамзамон барои дастрасии ҳар кадоми мо ба махзанҳои иттилоотии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Воқеан ҳам дар шароити имрӯза маҳз мутахассисони забондону болаёқат, ватандӯсту фидокор метавонанд барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳисса гузоранд, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизи мо иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ созанд.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд:  «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар кадоми мо, ки ба модари худ эҳтиром дорем, даъвои соҳибзабонӣ мекунем, ин пос доштани забони модарии худ ва ба наслҳои оянда расонидани ин муқаддасоти миллӣ мебошад.

Ман итминони комил дорам, ки минбаъд низ хизматчиёни давлатӣ- ин неруи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат бо масъулияти хоса муносибат менамоянд ва дар роҳи гиромидошти забони модарӣ барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан барои ҷавонон намуна ва шоистаи пайравӣ мегарданд.

Бори дигар тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳамдиёрони азизамро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, бароятон дастоварду бартариятҳои хизматӣ ва сарбаландию саодатмандиро таманно дорам.