Прокуратураи вилояти Хатлон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- донистани таърих, фарҳанг, муќадасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуќуќии ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медарорад;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
Маоши мансабӣ 624 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари маќоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Суроға: шаҳри Бохтар, кўчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилоят, шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ: тел 832222-53-27.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








