Раёсати кишоварзии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон барои ишғоли 3 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
Мутахассиси пешбар оид ба растанипарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 888 сомонӣ.
-
Мутахассиси пешбар оид ба кадрҳо – ҷой маоиши мансабӣ 888 сомонӣ.
-
Мутахассиси соҳаи боғу токпарварӣ – 1 ҷой маоши мансаби 696 сомонӣ.
Талаботҳои тахассуси
Барои мансаби мутахассиси соҳаи боғу токпарварӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ё миёнаи махсус, ихтисоси аграномӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо кампютер.
Барои мансаби мутахассиси пешбар оид ба растанипарварӣ
- таҳсилоти олии аграномӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо кампютер.
Барои мансаби мутахассиси пешбар оиди кадрҳо
- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, омузгорӣ ё ҳуқуқшиносӣ.
- малакаи кор бо кампютер.
Барои иштирок дар озмун
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи сардори Раёсат (шакли муқаррар шуда)
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо 2 дона акси андозааш 4х6
- тарҷумаи ҳол
- нусхаи ҳуҷҷатҳо барои таҳсилот
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумот оиди вазъи саломатӣ (038УЕ)
- нусхаи шиноснома
- маълумот дар бораи надоштани доғи суди
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва андоз
- билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда)
- маълумотнома (справка обективка)
- маълумотнома аз ҷои истиқомат
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (син)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Кўлоб хиёбони Исмоили Сомонӣ-34. тел:- (83322) 2-33-93; (83322) 2-32-19
Қабули ҳуҷҷатҳо: баъди нашри эълон то 21 – рўз муҳлат дорад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








