Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли 8 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Ёрдамчии раиси вилояти Хатлон -2 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, филолог:
3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос:
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии ёрдамч
зщиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ- 1139 сомон 40 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи иқтисод молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон -1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касби ихтисосҳои иқтисодчӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, молия, омор ва идоракуни давлатӣ бартари дода мешавад):
2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос:
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ- 1032 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Мутахассиси шуъбаи иқтисод молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон -1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касби ихтисосҳои иқтисодчӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, молия, омор ва идоракуни давлатӣ бартари дода мешавад):
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4.Мутахассиси шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои иқтисодчӣ бартари дода мешавад):
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5.Мутахассиси шуъбаи муносибатҳои молиявию қарзӣ ва мониторинги барномаҳои рушди Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои иқтисодчӣ бартари дода мешавад):
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
6.Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои муҳандиси соҳаҳои нақлиёт ва роҳсозӣ, алоқа ва роҳи оҳан бартари дода мешавад):
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-846 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
7.Мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-1 ҷой.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои ҳуқуқшинос, диншинос, сосиолог, мутахассисони идоракуни давлатӣ, психолог бартари дода мешавад):
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд:
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расми 3х4;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка-объективка):
- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ:
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Индекс: 735140 шаҳри Бохтар, кўчаи ба номи Н.Хувайдуллоев 1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304, Суроғаи почтаи электрони Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">kadrho@khatlon.tj, телефон 2-16-16, факс
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








