16:24, 06 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон барои ишғоли 5 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР

1.Сармутахассис-ҳуқуқшиноси шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр- 1 ҷой, маоши мансабї-984 сомонї.

2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимої ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр- 1 ҷой, маоши мансабї-984 сомонї.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТЇ

3. Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кудак- 1 ҷой, маоши мансабї-984 сомонї.

ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

4. Сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти «Гулистон»- 1 ҷой, маоши мансабї-894 сомонї.

5. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти «Гулистон»- 1 ҷой, маоши мансабї-600 сомонї.

Талаботи тахассусї

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи умумии меҳнатї ё 2 сол хизмати давлатї.

Барои ишғоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олї ё миёнаи касбї, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

       -ариза ба унвони раиси шаҳр

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6 (маълумотҳои шахсї ва фаъолияти меҳнатї дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттї ва чопї);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатї (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатї надорад);

-маълумотнома дар бордаи вазъи саломатї (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судї;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимої (СИН);

-нусхаи билети ҳарбї (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттї ва электронї

         Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Қабули ҳуҷҷатҳои озмунї барои иштирок, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, кўчаи Н.Хусрав - 23 қабул карда мешаванд.

Телефон барои тамос: 83250 -6–15-73        

Шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон