16:23, 06 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ишғоли 17 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

1.     Мутахассиси бахши САҲШ-и ноҳияи Рўдакӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-630 сомонӣ.

2.     Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Нуробод -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

3.     Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Лахш -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

4.     Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Роѓун -1 ҷой, маоши мансабӣ-820 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ

КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

5.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Дарвоз-1 ҷой, маоши мансабӣ-790 сомонӣ.

6.Мутахассиси  бахши САҲШ-и ноҳияи Рушон-1 ҷой, маоши мансабӣ-668,50 сомонӣ

7.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Ванҷ-1 ҷой, маоши мансабӣ-790,0 сомонӣ.

8.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Ишкошим-1 ҷой, маоши мансабӣ-812,0 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

9.Мутахассиси пешбари шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон-1 ҷой, маоши мансабӣ-746,0 сомонӣ.

10.Мутахассиси шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Панҷ-1 ҷой, маоши мансабӣ-630,0 сомонӣ.

11.Мутахассиси бахши САҲШ-и ноҳияи Муъминобод-1 ҷой, маоши мансабӣ-630 сомонӣ.

12.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Ховалинг-1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

13.Мутахассиси бахши САҲШ-и ноҳияи Ҳамадонӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

14.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи  Ҷайҳуни-1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

15.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Вахш-1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ СУЃД

16.Мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳристон-1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.

17.Мутахассиси бахши САҲШ-и шаҳри Истиќлол-1 ҷой, маоши мансабӣ630 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари маќомоти давлатӣ;

- вараќаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (раќами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиќомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

- нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (справка- объективка)

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишѓоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроѓаи ќабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ–36, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Телефон барои тамос: 223-12-18223-13-56, 223-13-18.

Муҳлати ќабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз (таќвимӣ) аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон