Cарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
1.Мудири бахши молиявию хоҷагидории сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе- 1 ҷой:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои манасабии мазкурро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозӣ, ќонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуќуќии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
Маоши мансабӣ-1160,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбари шуъбаи тарҳкашӣ ва шабакаҳои муҳандистии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе-1 ҷой:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои манасабии мазкурро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозӣ, ќонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуќуќии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
Маоши мансабӣ-884,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари маќомоти давлатӣ;
- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №0,38УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ ќабул карда мешаванд.
Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Ќарабоев-48, телефон барои тамос; (99237)233-40-30, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">dushanbememori@gmail.com,
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








