Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур барои ишғоли 5 мансаби холии зерин озмун эълон менамояд:
1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1364,4 сомонӣ.
2.Сармутахассиси бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032,00 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бокадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 984,00 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
4.Сармутахассиси бахши занон ва кор бо оила 1-ҷой, маоши мансабӣ-984,00 сомонӣ.
5.Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия-1ҷой, маоши мансабӣ-984,00 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири шуъба
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Айнӣ 20, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи, Шоҳмансур, телефон: 223-23-49, 221-07-61, www.shohmansur.tj
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








