Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1609 сомонӣ.
2.Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-3 ҷой, маоши мансабӣ-1200 сомонӣ.
3.Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуќуќӣ ва котибот-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия-1 ҷой, маоши мансабӣ - 978 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сардори шуъба
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-4 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти соҳа,
-донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти соҳа,
-донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти соҳа,
-донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари маќомот дар шакли муќарраргардида;
-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 0,38 УЕ);
-нусхаи шиноснома дар бораи додани раќами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
-маълумотнома аз ҷои истиќомат;
-маълумот «Дар бораи тасдиќи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»
-маълумотномаи оиди доғи Суди (ИЦ)
-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.
Нишонии ќабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 27 марти соли 2020 (ҳар рўз аз соати 1400 то 1700) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус; ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., телефон: 227-67-07, 221.37.65, факс: 221.70.25
Озмун рўзи 31 марти соли 2020 соати 1000 баргузор мегардад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








