16:26, 06 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1.                 Сардори раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 2170, 80 сомонӣ.

2.   Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1139, 40 сомонӣ.

3.   Сармутахассиси раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

4.   Сармутахассиси раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр, 3 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

5.   Сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

6.   Сармутахассиси бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр, 3 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

7.   Мутахассиси пешбари раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии  дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

8.   Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони   дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

9.   Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

10.Мутахассиси пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

11.Мутахассиси раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

12.Мутахассиси раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳр, 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

Сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе

1.Муовини сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1696 сомонӣ.

2.Сармутахассиси раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

3.Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1032 сомонӣ.

4.Мутахассиси пешбари раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

5.Мутахассиси раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

6. Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ                                        

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр;

          -таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;     

- 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдаториҳои мансабии сардори раёсатро ба танзим медарорад.    

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани соҳаи технология, коммункатсия, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, журналистӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси 

                шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи энергетика ва саноат ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи энергетика ва саноат, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

   Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муҳосибот, соҳаи хоҷагӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медарорад.

        

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони   дастгоҳи Раиси шаҳр;

        - таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;      

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдаториҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медарорад.    

         Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт;

- донистани самти соҳаи нақлиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи муҳосибот, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- донистани самти муҳосибот, иқтисодиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати  

сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати

иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳр;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсати  

рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  

шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсатро ба танзим медарорад.

Талаботӣ тахассуси барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати

рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахасси раёсатро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси бахш

оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани соҳаи ҳуқуқшиносӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахасси бахшро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти иҷтимоии фарҳангӣ, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-таҳлили масъалаҳои оилавӣ, донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медарорад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм, туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (агар хизматчии давлатӣ бошад);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (резюме).

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шаванд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-64-31, 221-35-68 почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

       Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон