Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
-
1.Мутахассиси пешбари бахши дастгирии соҳибкории Раёсат-1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти оли касбии иќтисодӣ, молиявӣ ва идоракунии давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
- донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- малакаи хуби муошират бо аҳлии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 732 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
-
2.Мутахассиси шуъбаи сармоягузории Раёсат дар минтақаи Кӯлоб – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иќтисодӣ, молиявӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
- донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- малакаи хуби муошират бо аҳлии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони сардори Раёсат;
- вараќаи баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- 2 дона расми андозааш 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (раќами мушаххаси андоз супоранда);
-маълумотнома дар бораи надоштани доѓи судӣ
- маълумотнома аз ҷои истиќомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;
- нусха билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд);
Суроѓаи ќабули ҳуҷҷатҳо
шаҳри Бохтар, кўчаи Сино-3, бинои Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон. Телефон барои тамос: 2-31-86
Муҳлати ќабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








