Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд:
1.Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
2.Мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
4.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
5.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана -1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
7.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
8.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
9.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
11.Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
12.Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
13.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ – 660 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони Раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








