Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мудири бахши молиявию хоҷагидории Сарраёсат-1 ҷой, маоши мансабӣ-1300 сомонӣ.
2.Мутахассиси пешбари шуъбаи тарҳкашӣ ва шабакаҳои муҳандисии Сарраёсат-1ҷой,маоши мансабӣ-888 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуќуќ, кадр ва коргузории Сарраёсат-1 ҷой, маоши мансабӣ-888 сомонӣ.
4. Мутахассиси шуъбаи ҳуќуќ, кадр ва коргузории Сарраёсат-1 ҷой, маоши мансабӣ-696 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабимудири бахш
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4-сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
барои ишғоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари маќоми давлатӣ;
-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 0,38 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Ќабули ҳуҷҷатҳо тибќи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиќаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
Суроға:шаҳри Душанбе, кўчаи Неъмат Ќарабоев 48, бинои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, бахши кадрҳо ва ҳуќуќ. Тел:233-40-30, 233-05-07
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








