Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мудири бахши табъу нашри раёсати фарҳанги вилояти Хатлон – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасаоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мудири бахш -ро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-1323 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассис оид ба театрҳо, боғҳои фарҳангӣ - 1ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ ба ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, таърих бартарӣ дода мешавад;
-донистани таърих, фарҳанг, муқадассоти миллӣ, забони давалатӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-ро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаиРМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли038);
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ш.Бохтар, кўчаи С.Вализода-3.Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.Телефон барои тамос: 3-29-10, 3-10-34. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








