16:28, 06 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1.Мудири шуъбаи сармоягузории раёсат-1ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси иытисодчи бартарӣ дода мешавад);

-4 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ-1388,00  сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассиси пешбари  шуъбаи сармоягузорц-1ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси иќтисодчи ҳуќуќшиносӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ-846,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3.Мутахассиси пешбари шуъбаи идораи амволи давлатии  вилоят-1ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси иытисодчи  бартарӣ дода мешавад);

-1 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ-846,00  сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои

зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Сардори Раёсат;

-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби раёсати сармоягузори ва идораи амволи давлатии  вилояти Суғд,баъди чопи аввали эълони озмун дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ ќабул карда мешаванд.

Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо;шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 45, бинои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 6, утоќи № 604 нозири кадри раёсат, телефон 4-65-04, факс 4-65-60, суроғаи электронӣЭтот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">sugd-kadr@mail.ru.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон