01:13, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсус-1ҷой,маоши мансаби-1200,00 сомонӣ.

2. Сармутахассис - сармуҳосиби шуъбаи банаќшагирӣ ва муҳо­си­ба­­­вии дастгоҳи Суди конс­­­титут­сио­­нӣ-1ҷой, маоши мансаби-1200,00 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи банаќшагирӣ ва муҳо­си­ба­­­вии дастгоҳи Суди конс­ти­тут­­­сио­­нӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи Суди конс­ти­тут­­­сио­­нӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун аз довталабон

ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

-ариза ба номи роҳбари мақомоти давлатӣ;

-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ даќиќ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиќомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии каби бо ихтисосӣ, ҳуќуќшиносӣ ва дигар ихтисосҳои соҳаи гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

-сатҳи донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг ва муќадасоти миллӣ;

- маҳорати кор бо технологияҳои электронӣ.

Барои мансаби

мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси иќтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- 1 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё собиќаи умумии меҳнатӣ.

-дониш ва малакаи раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

-сатҳи донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг ва муќадасоти миллӣ;

- маҳорати кор бо технологияҳои электронӣ.

               Нишонии ќабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 48, телефонбарои маълумот: 227-49-84, 227-38-09; веб-сайти Суди конститутсионӣ www constcourt.tj

               Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби хадамоти кор бо кадрҳои Суди конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъд аз нашри аввали эълонќабул карда мешаванд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон