Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
Сармутахассис-сармуҳосиби дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон-1 ҷой,маоши мансаби-840 сомонӣ.
-
Сармутахассиси бахши рушди иқтисод ва савдои мақомотииҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон-1 ҷой,маоши мансаби-840 сомонӣ.
-
Сармутахассис-заминсози ҷамоати деҳоти Шаҳристон-1 ҷой,маоши мансаби-840 сомонӣ.
-
Сармутахассис-заминсози ҷамоати деҳоти Бунҷикат-1 ҷой,маоши мансаби-840 сомонӣ.
-
Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти шаҳристон-1ҷой,маоши мансаби-760сомонӣ.
-
Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон-1 ҷой,маоши мансаби-760сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои мансабҳои сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳмондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои мансабҳои мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳмондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба қайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амоли шахсӣ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 0,38 УЕ);
-маълумотнома оиди доштан ё надоштани доқи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
Суроғаи қабул; ноҳияи Шаҳристон, кучаи Истаравшан 16, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, телефон:8-34-56, 2-64-15, 2-64-10 ё 2-62-44.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








