Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси раёсати банаќшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал-1 ҷой, маоши мансабӣ-1200,00 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари раёсати банаќшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал-1 ҷой,маоши мансабӣ-978,00 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари бахши молиявию баҳисобгирӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-978,00 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари маќомот;
- вараќаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (раќами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиќомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доѓи судӣ (ИТС);
- маълумотнома (справка- объективка).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси молия, иќтисод техникӣ-барномасоз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуќуќии байналмилаӣ ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд;
-кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, Power Point ва дигар барномаҳо),
- донистани таърих, фарҳанг, муќаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
-нисбат ба донистани забоҳои хориҷӣ афзалият додоа мешавад;
Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси молия, иќтисод техникӣ-барномасоз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуќуќии байналмилаӣ ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, Power Point ва дигар барномаҳо),
- донистани таърих, фарҳанг, муќаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- нисбат ба донистани забоҳои хориҷӣ афзалият додоа мешавад.
Суроѓаи ќабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Лоиќ Шералӣ – 3
Телефон барои тамос: 224-71-50, сомонаи Кумита: www.idc.tj; суроѓаи электронӣ: forrel@idc.tj
Муҳлати ќабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиќаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








