Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мутахассиси шуъбаи иттилоот, нашрияҳои чопӣ ва электронии Раёсати иттилоот ва матбуот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
2.Мутахассиси шуъбаи назорати коргузории Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
3.Мутахассиси Раёсати молиявӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
4.Мутахассиси Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
5.Мутахассиси шуъбаи дастгоҳи марказии Раёсати кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
6.Мутахассиси шуъбаи Африкаи Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африка – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
7.Атташеи Раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
8.Атташеи шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
9.Атташеи шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
10.Атташеи шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои Раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
11.Котиби сеюми шуъбаи тадқиқоти стратегии Раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
12.Котиби сеюми шуъбаи кишварҳои Осиёи Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
13.Котиби сеюми шуъбаи кишварҳои Америкаи Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1200 сомонӣ.
14.Котиби дуюми шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1323 сомонӣ.
15.Котиби дуюми шуъбаи масъалаҳои ҳуқуқии Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1323 сомонӣ.
16.Котиби дуюми шуъбаи Созмони Ҳамкории Шанхай – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони
мансабҳои котиби дуюм
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои котиби сеюм/аттеше
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва дигарҳо.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон:
- донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
- малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
- унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
-тарҷумаи ҳол;
-2 дона расми ранга (4,5 х 6,5);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
-н усхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
Ҳуҷҷатҳо то 11 феврали соли 2020 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 227-75-32; 221-70-27
Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








