Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Воҳидҳои сохтории дастгоҳи
раиси ноҳия
1.Мудири шуъбаи умумӣ назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия-1ҷой, маоши мансабӣ-1258 сомонӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар дастгоҳи раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
3.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия– 1 ҷой, маоши мансабӣ-630 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён
4.Муовини сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1539 сомонӣ.
5.Сармутахассис (зоотехник)-и раёсати кишоварзӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
6. Сармутахассис (кишоварзӣ)-и раёсати кишоварзӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
7.Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
8.Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти
худидоракунии шаҳрак ва деҳот
9.Сармутахассиси Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ (заминсоз) -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Заргар (нозири мизи ҳарбӣ) -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар (кишоварзӣ) ҷамоати деҳоти Заргар -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.
12.Сармутахассиси Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа (заминсоз) -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
13.Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.
14.Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.
15.Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти С. Истиқлол (заминсоз) -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
16. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти С.Истиқлол -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
17.Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати сарварти Истиқллол -1 ҷой, маоши мансабӣ-768 сомонӣ.
18. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти С.Истиқлол (андозситон) -1 ҷой, маоши мансабӣ-630 сомонӣ.
19.Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Ориён (заминсоз)-1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
20.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Ориён (кишоварз) -1 ҷой, маоши мансабӣ-665,60 сомонӣ.
21.Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод (заминсоз) -1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.
22. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод (андозситон) -1 ҷой, маоши мансабӣ-630 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
- таҳсилоти олии касби бо ихтисосӣ агрономӣ, зоотехник, инжинери ё бойтор;
- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ, кор бо компютер, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медарорад;
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Талаботи тахассусӣ
Барои мансаби мудири шуъба:
-таҳсилоти олии касби бо ихтисосӣ ҳуқушинос, иқтисодӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърихшинос, психолог;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, инчунин донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, кор бо компютер, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медарорад;
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Талаботи тахассусӣ
барои мансаби сармутахасис:
-таҳсилоти олии касби бо ихтисосӣ омўзгорӣ, таърихшинос, ё психолог;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, кор бо компютер, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медарорад;
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Талаботи тахассусӣ
барои мансаби мутахассиси пешбар/нозири мизи ҳарбӣ:
-таҳсилоти олии касби бо ихтисосӣ омўзгорӣ, таърихшинос, ё психолог;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, кор бо компютер, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медарорад;
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Талаботи тахассусӣ
барои мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;
- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, кор бо компютер, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медарорад;
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома оид ба доғи суди аз ШКД;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Индекс: 735140 ноҳияи Кўшониён, шаҳраки И.Сомонӣ, кўчаи И.Сино 3 №116, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён, ошёнаи 2-юм, шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефонҳо: 21-2-67.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








