01:13, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1.Мушовири калони комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон– 1 ҷой.

2.Мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуќуќӣ, мудофиа ва амния– 1 ҷой.

3.Муовини мудири шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ– 1 ҷой.

4.Мудири бахши шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ– 2 ҷой.

5.Мудири бахши шуъбаи умумӣ– 1 ҷой.

6. Мудири бахши шуъбаи иттилоотии техникӣ– 1 ҷой.

7. Сармутахассиси шуъбаи ҳуќуќ– 1 ҷой.

8.Сармутахассиси котиботи Роҳбарият– 1 ҷой.

9. Сармутахассиси шуъбаи иттилоотии техникӣ– 1 ҷой.

10. Сармутахассиси шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ- 1 ҷой.

11. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ- 2 ҷой.

      

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансабҳои мушовири калони комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон, муовини мудири шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси ҳуќуќшиноси, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиќаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиќаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Барои ишғоли мансабҳои

мудири бахши шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ, бахши шуъбаи умумӣ, бахши шуъбаи иттилоотии техникӣ

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси иќтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиќаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Барои ишғоли мансабҳои

сармутахассиси шуъбаи ҳуќуќ, котиботи роҳбарият, шуъбаи иттилоотии техникӣ, шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 3 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Барои ишғоли мансаби

мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Эъзоҳ; Нисбат ба довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ки ҳатмист ба инобат гирифта мешавад.

Барои иштирок дар озмун

довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари маќомоти давлатӣ

- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УБ;

- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиносномаи шахсӣ;

       - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз санаи нашри эълони мазкур, суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 42, телефонҳо барои маълумот: 221-33-07



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон